Ӽикматуллоҳ Воҳидхон
nahzat.tj
Дирӯз (01.06.2012) дар баъзе аз манотиқи Сурия тазоҳурот ба вуқӯъ пайваст, ки ҳадаф аз он эътироз ба кушторҳо ба вижа катли 108 нафар аз ҷумла 50 кудак дар Ӽула будааст.
Мухолифони Сурия ин ҷумъаро ҷумъаи «кудакони куштори Ӽула» номидаанд. Онҳо аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки дар бораи кушторҳои ахир ба хусус куштори Ӽула таҳқиқ кунанд.
Кумитаҳои ҳамоҳангии инқилоби Сурия аз кушта шудани 48 нафар ба дасти нерӯҳои Асад хабар додаанд, ки беш аз 10 нафари онҳо дар дарёе воқеъ дар Ӽумаи Димишқ кушта шудаанд. Вале бисёре аз манобеи мухолифон аз ҳудуди 43 нафар кушташуда сухан мегӯянд.
Эътисоби умумӣ дар рӯзи панҷшанбе ва ҷумъа, бозорҳои пойтахт ва хусусан ду бозори бузург, Ӽамидия ва Ӽариқаро фаро гирифт. Ин эътирози мусолимат омез ба шаҳрҳои Ӽулб дар шимоли Сурия ва муҳимтарин бозорҳояш дар хиёбонҳои Салоҳуддин ва Сайфулдавла низ кашонида шуд.