Баъд аз солҳо талош узвияти кишвари Фаластин дар созмони Юнеско пазируфта шуд. Зеро инҷо Амрико ҳақи ВЕТО надорад. Аммо нороҳатии Амрико аз ин кор ба андозае аст, ки кумаки худро ба ин созмон қатъ кардааст. То ҳол будҷаи 70 миллион доларии ин созмонро Амрико таъмин мекард ва дирӯз расман эълон кардааст, ки дигар ба ин созмон кумак намекунад.
Қобили зикр аст, ки аз миёни 173 кишвари ҳузурдошта дар нишасти ин созмон 107 кишвар ба нафъи Фаластин овоз доданд. Танҳо 14 кишвар буданд, ки мухолифи узвияти Фаластин дар ин созмон буданд. Аз ҷумлаи мухолифони узвияти Фаластин Исроил, Амрико, Австралия, Канада ва Олмон буданд. Аммо аксарияти кишварҳои арабӣ, Америкаи Лотин ва Африқо ба тарафдории узвияти Фадастин овоз доданд. Аммо ҷолибаш он аст, ки Англя, ки дар соли 1948 сабабгори аслии пайдоиши кишвари Исроил буд, бетараф овоз додааст.
Агарчӣ узвияти Фаластин дар ин созмони байналмилалӣ вокунишҳои Амрико ва Исроилро дар пай доштааст, вале баёнгари ин воқеият аст, ки ҷаҳон дигар таслими зур ва таблиғоти дуруғ намешавад. Дар чанд соли охир ҳамаи дунё моҳияти давлати Исроил ва афкори бартариталабонаи онҳоро дарк кардаанд.
Аммо дар мавқеъгирии кишварҳои арабӣ бедории миллатҳои минтақа таъсири муҳим доштааст. Ҳамчунин нақши шабакаҳои хабарии «Алҷазира» ва «Алолам»-ро дар ин миён наметавон нодида гирифт.
Исроил ин узвиятро ба масобаи ради талошҳои ҷаҳонии сулҳ дар Ховари Миёна таъбир кардааст. Аммо маълум нест, ки Исроил чигуна сулҳеро мехоҳад. Аз соли 48 то имрӯз ҳамеша Исроил дам аз сулҳ задаасту кишварҳои ҳамсояи худашро ишғол кардааст. Ҳатто ба хотири сулҳ ҳам ҳозир нест, ки аз шаҳраксозӣ дар сарзаминҳои Фаластин даст бардорад, аммо танҳо узвияти Фаластин дар як созмонро мухолифат бо сулҳ таъбир мекунад.
Агар Исроил воқеан хоҳони сулҳ бошад, чаро ба қатъномаву қарорҳои СММ таслим намешавад ва даст аз шаҳраксозӣ дар сарзамини Фаластин намекашад? Чаро яҳудисозии сарзаминҳои Фаластинро идома медиҳад? Чаро ба Фаластиниҳо иҷозати сохти манзили навро дар ҷои хонаҳои худашон намедиҳад? Чаро фаластиниҳоро аз сарзаминашон маҷбуран берун мекунад? Чаро аз баландиҳои Ҷавлони Сурия хориҷ намешавад? Чаро ба сарзаминҳои соли 1968 барнамегардад? Чаро муҳосираи Ғаззаро поён намедиҳад?
Дар ҳоле, ки барои тамоми ин корҳо қарор ё қатъномае аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ содир шудааст. Ҳатто онҳоеро, ки Амрико ВЕТО кардааст дар назар нагирем, боз ҳам қарору қатъномаҳои зиёде дар маҳкумияти Исроил вуҷуд доранд.
Аммо узвияти Фаластин дар Юнеско паёми дигаре, ҳам дорад. Паёми он ба Амрико ва Исроил ин аст, ки то абад наметавон бо иродаи як миллат мухолифат кард ва ҷаҳони имрӯз дар ҳоли хориҷ шудан аз зери сайтара ва султаи як гурӯҳи хосс аст. Пас бояд дар сиёсатҳои ояндаи худашон бознигарӣ кунанд.
Махсусан кишвари бузурге чун Амрико наметавонад ҳамеша аз ҷиноятҳо ва зиёдаталабиҳои Исроил дар муқобили мусалмонон дифоъ кунад. Дар ояндаи наздик шоҳиди он хоҳем буд, ки мардуми Амрико аз ин пуштибонӣ безорӣ кунанд ва Амрикоро барои тағйири нигариш дар ин замина маҷбур намоянд. Зеро пуштибонӣ аз Исроили 4- миллионӣ ба маънои мухолифат бо беш аз 1 миллиард мусалмон хоҳад буд. Аз тарафи дигар ин кор мухолифи эътиқодоти масеҳиён низ мебошад.