Categories Uncategorized

Узрхоҳии Димишқ аз Анкара

Мақомоти Сурия ба хотири ҳамлаи ахир ба як рустои Туркия, ки дар натиҷаи он панҷ нафар ба ҳалокат расид, ба таври расмӣ аз Анкара узрхоҳӣ намуд.

Шабакаи телевизионии «PressTV» дар ин бора гузориш медиҳад, ки муовини нахуствазири Туркия Басир Аталай рӯзи панҷшанбе 04. 10. 2012 ба хабарнигорон гуфтааст: «Димишқ ҳамлаи рӯзи чоршанберо, ки ба кушта шудани панҷ шаҳрванди кишвар мунҷар шуд, бар ӯҳда гирифта, ба хотири он узр хост».

Ин дар ҳолест, ки парлумони Туркия рӯзи панҷшанбе пешниҳоди нахуствазир Раҷаб Таййиб Урдуғон дар заминаи ҳамлаи артиши ин кишвар ба давлатҳои таҷовузкорро ҷонибдорӣ намуд.

More From Author

You May Also Like