Сол то сол асри наву соли нави зиндагӣ ҳамроҳи мо инсонҳо ҳамқадам аст. дар баробари ин пешрафти замона чӣ аз нигоҳи технологӣ ва чӣ аз нигоҳи илмӣ рӯ ба болоравӣ дорад. Вале байни бисёре аз қишри ҷомеаҳои инсонӣ рафтору амалҳое мушоҳида мегардад, ки дунёи инсониятро бармегардонад ба асри ҷаҳолату хурофотпарастӣ. Аз ҷумла яке аз омилҳое, ки ба таърихи ҷаҳолат бармегардад, ҷодугариву фолбинист, ки дар кишвар мақоми вижаеро касб кардааст. Лозим ба ёдоварист, ки ҷомеаи Тоҷикистон яке аз ҷомеаҳое ба шумор меравад, ки аксар аҳолии онро мусалмонҳо ё аниқтараш пайравони дини Ислом ташкил медиҳанд. Пас агар аз назари эътиқодӣ ба ҷомеа назар афканем, ҷодугариву фолибнӣ набояд дар ҷомеа амал намоянд. Зеро мувофиқи таълимоти дини Ислом ҷодугарӣ ва фолбинӣ аз бадтарин амал ба шумор рафта ва касоне, ки даст ба ин амал мезананд, ҷиноятеро содир мекунанд.
Дини Ислом барои ҳалли мушкилоти масоили зиндагӣ ва шаръӣ ҳаргиз инсонро ба истифода аз ҷодугариву фолбинӣ роҳанмоӣ намекунад. Балки мутобиқ ба ақоиди исломӣ инсон танҳо бояд аз Худованди хеш мушкилоташро ҷӯё бошад.
Аммо боиси таассуф аст, ки бо ҳама ин донистаниҳо мардуми мо дар аксар корҳои худ рӯ меоранд ба даргоҳи фолбину ҷодугарҳое, ки тавонистаанд афкору андешаи мардумро ба худ ҷалб намоянд. Дигар аз таълимоти Ислом роҳанмоии он мекунад, ки ҳар нафаре ба ҷодугарҳо ва фолбинҳо бовар дошта бошад, кофир мегардад ва никоҳи ӯ бурида мешавад. Сабаби кофир шудани инсон дар боварӣ ба ҷодугарҳо ва фолбинҳо ба он хотир аст, ки ҷодугарҳо аз ғайбгӯиҳо ва ояндагӯиҳо сухан мекунанд, ки ин дар дини Ислом хоси Худованд аст ва илми ғайбро ғайри аз Худованд каси дигар дошта наметавонад.
Бинобар ин пайравӣ аз ҷодугарҳо ва амал ба гуфтаи онҳо дар эътиқодоти як мусалмон метавонад халале ворид созад. Хонандаи азиз, худ хулоса барор, ки инсоне мисли ту мехобаду эҳтиёҷи пули туро дорад ва барои дарёфти пулу мол кӯшиш мекунад, то дуруғеро барои ту иброз намояд, ингуна инсон чигуна метавонад эҳтиёҷот ва мушкилотатро бартараф намояд? Дар ин росто набояд фаромӯш кард, ки ҳар чизеро Худованд офаридааст, касе тағйир дода наметавонад. Агар метавонистанд онҳо пеш аз ҳама маргро, ки дар байни модару фарзанд, бародару хоҳар ва дӯстону рафиқон ҷудоӣ меандозад, аз байн мебурданд. Ё худ ингуна инсонҳо ҳаргиз роҳ намедоданд, ки марг меҳмони хонаи онҳо гардад. Дар ин росто хостем, то назаре ба фарҳанг намуда, маънои асосии калимаи “сеҳр”, ки дар забони тоҷикӣ онро ҷодугарӣ меноманд, муайян намоем. Агар як ба фарҳанг нигарем калимаи «сеҳр»- фиребандагӣ мебошад.
Агар ба дини муқаддасамон Ислом нигарем, ҳукми сеҳргар ба ҷатл баробар буда, аз ҷумлаи гуноҳҳои кабира аст ва анҷомдиҳандаи ин кор кофир аст. Дар баробари сеҳргарӣ, фолбинӣ низ то дараҷае дар байни мардуми мо ривоҷ ёфтааст. Калимаи «фолбин»- фусунгар, фиребанда буда, фол- амали махсуси хурофотист, ки ба воситаи он кор ё ҳоле (ба некӣ ё бадӣ) гӯё пешгӯӣ карда мешавад. Фол задан- ба амали махсус ояндаи касеро ё кореро пешгӯи кардан аст(фарханги забони точикӣ).
Пас тавре дар боло гуфтем дини мо фолбиниро манъ кардааст ва Паёмбарамон (с) оид ба фолбин чунин гуфтааст «Ҳар шахси пешгӯикунанда ва инчунин ҳар шахси ба фолбин ё пешгӯй боваркунанда, аз ҷумлаи кофирон аст».
Бори дигар таъкид мекунам, ки илми ғайбро ҷуз Худованд (ҷ.ҷ) касе намедонад. Дар ҳадисе омадааст, «Се тоифа асло ба биҳишт намедароянд, ки инҳо шахсони шаробнӯш, қатъкунандаи силаи раҳм ва боваркунандаи фолбин мебошанд». Вобаста ба зикри далелҳое, ки дар мазаммати фолбинӣ ва ҷодугарӣ омадааст, дар дини Ислом бисёранд. Ҳатто қиссаҳои паёмбарони пешинро метавон ёдовар шуд, ки дар муқобили соҳирону фолбинон муборизаҳо бурдаанд. Ҳамзамон дар кишвар домуллоҳову пешвоёни исломӣ бештар дар ин бора сӯҳбатҳо кардаанд, ки ҳар як фарди мо ин гуфтаҳоро ё аз забони худи пешвоён ва ё ба воситаи навори ДВД дидаву шунидааст. Пас ҳайрон аз онам, ки ба замми ин ҳамаро донистан ва шунидан, боз чаро то имрӯз амали дуруғи онҳо дар эътиқодоти аксари мардум ҷойгузин шудааст? Фикр мекунам яке аз роҳҳои дигари тиҷорат метавон амали ҷодугарҳову фолбинҳоро номбар кард. Зеро имрӯзҳо дар аксар боғҳои фароғатӣ ва истгоҳҳои калони шаҳр метавон онҳоро мушоҳида кард, ки бо гуфтани суханҳои дуруғ пули мардумро ба даст меоранд.
Ин дар ҳолест, ки дурӯғ гуфтан дар дини Ислом ҷинояти бузурге ба ҳисоб меравад. Дар хулосаи калом метавон гуфт, ки ин хама роҳҳо ҳама як воситаи мардумфиребӣ буда, нафароне ки аз илму дониш дур ҳастанд ба ин роҳ мераванд. Бояд зикр кард, ки бозори ҷодугарҳову фолбинонро бештар занҳо гарм мекунанд ва ин яке аз омилҳоест, ки таълимоти динӣ нисбати духтарҳо ва занҳо кам ба назар мерасад. Ғайр аз ин мирӯз аксари ҷодугарҳо ва фолбинон бо номи мулло ёд мешаванд, ки ба ин восита онҳо ба дини Ислом мансуб дода мешаванд, ки куллан ғалат аст. Бо умеди он ки мардум ростро аз дуруғ фарқ кунад хонандаро ба фикру андешаи амиқ даъват мекунем, ки ба кадом роҳ рафта истодаанд.
Миҷгонаи Қутбиддин