Шабакаи моҳвораии “Салом бар ту эй Паёмабр (с)” бо мақсади баён намудани сирати Паёмабр (с) дар кишвари Миср роҳандозӣ шуд.
Ба гуфтаи як хабаргузории хориҷӣ, шабакаи мазкур аз тарафи пойтахти Миср роҳандозӣ шуда, айни замон дар марҳилаи пахши озмоишӣ қарор дорад.
Носир писари Мусфири Аззаҳронӣ, аз масъулони ин шабака гуфта, ки рӯйкард ва барномаҳои ин шабакаи моҳвораӣ бар асоси Қуръон ва суннати Паёмбар (с) пешбинӣ шуда ва барномаҳои он барои бедор кардани олами эътиқодии инсонӣ ба роҳ монда шудааст.
Аззаҳронӣ афзуд, барномаҳои ин шабака дар ростои баёни ахлоқу рафторҳоест, ки Паёмбар (с) мардумро ба комёбӣ ва накӯкорӣ даъват кардааст.
Вай таъкид кард, дар ҳоле ки иҳонати бераҳмона ба Паёмбар (с) – ро шоҳид ҳастем, метавонад бо иқдом дар ин масир ба муқобила бо ингуна иқдомот пардохт.