Categories Uncategorized

Шароити “Корвон” беҳтар мешавад?

Абдусамади Раҳмон

nahzat.tj

Молики кулли бозори “Корвон” иддаъо дорад, ки 50 дар сади корҳои бозсозӣ дар бахши яклухти ин бозор, ки дар сӯхтори 5-6 уми сентябр бар абас рафта буд, ба анҷом расидааст.

Ба гуфтаи номбурда, дар сохтмони дубораи мағозаҳо ва дуконҳои ин бахши бозор наздики 600 нафар аз сохтмончиён машғули коранд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 6 сентябр Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба тоҷирони зарардидаи бозори яклухтфурӯшии «Корвон», ки даст ба тазоҳурот зада буданд, ваъда дода буд, ки то як моҳи дигар бозор дубора ба кор медарояд.

Нуршед Машрабов мегӯяд, ин дафъа дар бозор тамоми шароит ва василаҳои зиддисӯхтор, аз ҷумла ҳавзҳо сохта онро доим бо об пур нигоҳ хоҳанд дошт.

More From Author

You May Also Like