Categories Uncategorized

Боз як тазоҳуроти густарда алайҳи филми тавҳиномез дар Кобул

nahzat.tj


Намоиши филми “Бегуноҳии мусалмонон” мардуми Афғонистонро низ ба ғазаб оварда, водор сохт то даст ба тазоҳурот бизананд.

Тибқи навиштаи хабаргузории “Аlarabiya.net” сокинони маҳалии ин кишвар рӯзи 17 сентябр ба кӯчаю хиёбонҳои пойтахташон шаҳри Кобул баромада, шиорҳоеро алайҳи Амрико, ки ин филми тавҳиномез дар он ба навор гирифта шудааст, сар доданд.

Манбаъ меафзояд, ки дар пайи ин тазоҳурот чанд мошини пулис низ аз ҷониби тазоҳуркунандагон оташ зада шудааст.

Сардори сарраёсати пулиси Кобул Муҳаммад Аюб Солангӣ низ гуфтаҳои болоро таъйид намуда мегӯяд: “Миёни тазоҳуркунандагон шахсони мусаллаҳ низ дида мешуд, ки самти коркунони пулис оташ мекушоданд, аммо хушбахтона, ба касе осебе нарасид ва маъмурони пулис низ хештандориро пеша намуда, аз оташ кушодан алайҳи онҳо худдорӣ карданд”.

Маврид ба ёдоварӣ аст, ки филми мазкур, ки дар он паёмбари Ислом Муҳаммад (с) тавҳин шудааст, дар арафаи солгарди “Ҳодисаҳои 11-уми сентябр” рӯйи сафҳаи “Уoutube” ба намоиш гузошта шуд.

More From Author

You May Also Like