«Муҳаммад Акӯя» дар Амрмко устоди донишгоҳ аст, ӯ пас аз ислом оварданаш номашро «Муҳаммад» гузошта аст. Аз ҳама ҷолибаш ин аст, ки ӯ ба хотири ҳиҷоби яке аз дошнишҷӯён мусулмонаш, ба ислом гаравида аст. На танҳо ӯ, балки се нафари дигар аз устодони донишгоҳ ва чаҳор нафар аз донишҷӯёни донишгоҳе, ки ӯ дар онҷо дарс медиҳад ба хотири иттифоқе, ки барои ин донишҷӯи мусулмон афтодааст мусулмон шуда, дар ҳоли ҳозир худашон узви доиёни ба сӯи дини ислом ҳастанд.
Муҳаммад Акӯя дар ин мврид мегӯяд: чаҳор сол пеш дар донишгоҳи мо иттифоқе афтод, ки то муддатҳо осори он идома дошт. Кор чунин буд, ки як донишҷӯи мусулмони амрикоӣ ба донишгоҳи мо омад. То инҷои кор ҳеҷ мушкилие вуҷуд надошт. Аммо дар донишгоҳи мо устоде вуҷуд дошт, ки сахт аз ислом мутанаффир буд ва ончунон аз дини ислом изҳори нафрат мекард, ки агар мо бо ӯ ҳамсадо намешудем мавриди интиқоди шадиди ӯ қарор мегирифтем. Ҳоло худатон гӯед, ки чунин устоде дар донишгоҳи мо бошад ва як донишҷӯи мусулмон ба синфи ӯ ҳозир шаваду шиорҳои динӣяшро дар чунин фазо анҷом диҳад.
Устоди мазкур аз ҳар коре, ки кинаашро нисбат ба ислом нишон диҳад дареѓ намекард. Аммо он донишҷӯ бо сабру ҳавсала ҷавоби ӯро медод, вай ки аз ҳавсалаи ин донишҷӯ ба тангӣ омада буд бо дасткорӣ кардан дар рақамҳои поёни терм(нимсолаи хониш) аз ӯ интиқом мегирифт. Баъзе ҳолатҳо ончунон саволҳои вазнине ба дар имтиҳонҳо медод, ки ӯ дар мемонд. Билохира сабру таҳаммули он донишҷӯ тамом шуду тасмим гирифт барои ин, ки аз ин мушкили раҳои ёбад ба раиси донишгоҳ шикоят кунад. Мудирияти донишгоҳ барои ин, ки адолатро риоя кунада воқеан аз назароти ду тараф огоҳ шавад, ҷаласае ташкил дод, то он ду дар ҳузури аъзои ҳайати мудирият ва устодони донишгоҳ ба дифоъ кардан аз худ баромад кунанд.
Аз он ҷо, ки дар донишгоҳ чунин ҳодиса аввалин бор буд, мо хеле алоқаманд будем, ки саранҷом ин кашмакашро бинем. Тамоми аъзои ҳайати мудирият ва устодон дар ин ҷаласа ширкат карданд. Мо ҳамчун нозир ҳузур дрштем.
Ибтидо он духтари донишҷӯи мусулмон ба дифоъ аз худ пардохту гуфт: ин устод нисбат ба дини ман кина дорад ва ба хотири ин кина ҳуқуқи илмии манро зери по мегузорад. ӯ мисолҳои зиёд овард ва дар охир аз чанд нафарҳам хост то дар ин маврид шоҳидӣ диҳанд, хуб касоне буданд, ки бо ӯ ҳамдардӣ мекарданд ва фориѓ аз ихтилофоти диние, ки бо ӯ доштанд , бар алайҳи он устод шаҳодат доданд.
Сипас устоди мазкур ба ҷойгоҳ рафт то аз худ дифоъ кунад, аммо чун кам оварда буд ва ҳарфе барои гуфтан надошт, дар ҳузури ҳама ба носазогӯи ба дин ислом ва мусулмонон пардохт.
Аммо ин бор он донишҷӯ тоб наёварду аз ҷо бархесту иҷоза хост то аз динаш дифоъ кунад. ӯ бо як шеваи гарму ҷаззоб сухан мегуфт, бо тасаллул аз хусусиятҳои дини Ислом суҳбат кард, суханони вай онқадар барои мо ҷолиб буд, ки ҳамаро маҷзуби худ карда буд. Ҳар гоҳ, ки ҷоеро намефаҳмидем аз ӯ мепурсидем ва ӯ ба мо ба хӯбӣ мефаҳмонид ва бо тиби хотир тавзеҳ медод.
ӯ гуфт, ки ҳиҷоб ва рӯйсари, ки дар ин муддат боъиси мушкилоте барои ӯ шуда аст, хеле барояш аҳамият дорад! Зеро дар ислом зан бояд ҳиҷоб дошта бошад то мардони номаҳрам ва бегона зебу зиннати ӯро набинанд ва амнияти иҷтимоии ӯ дучори хатар нашавад.
Устоди мазкур бо дидани ин вазъ тоб наовард ва бо асабоният аз маҷлис хориҷ шуд. Дар охир он донишҷӯ варақҳое байни мо тақсим кард, ки унвонаш ин буд: «Ислом барои ман чи маъне дорад!» дар он варақҳо иллатҳое, ки боиси ба ислом гаравиданаш шудаанд баён шуда буданд.
Дар ин ҷаласа ҳеҷ баёнияе ба нафъи ҳеҷ як аз тарафайн содир нашуд. Аммо он духтар дар поёни суханонаш гуфт: ман омада будам то битавонам аз динам ва ҳуқуқи таҳсилам дифаоъ кунам.
Мо ба унвони ҳайати илмии донишгоҳ аз собитқадамӣ ва эътимоди ба нафси ӯ шугуфт зада шуда будем ва ҳаргиз фикр намекардем, ки донишҷӯе барои дифоъ аз динаш инчунин маҳкам биистад.
Баъд аз ин маҷлис ман хеле таҳти таъсир қарор гирифта, шигифтаи хоссе ба дини Ислом пайдо кардам ва бесаброна барои ошноии бештар бо ин дин талош мекардам. Баъд аз чанд моҳ ба Ислом гаравидам, ки билофосила ду устоди дигари донишгоҳ ва чаҳор нафар аз донишҷӯён низ ба ман пайвастанд ва мусулмон шуданд.
Мо инак гуруҳе барои таблиѓи дини Ислом ташкил додаем ва тавонистаем, ки чанд нафари дигар аз устодони донишгоҳро ба сӯи худ ҷалб кунем, ки иншоаллоҳ то чанд вақти дигар хабари ислом овардани онҳо дар донишгоҳ хоҳад печид.