Эътирози мардуми Туркия алайҳи ҳамлаи Исроил ба Ғазза

Мардумии Туркия ба хотир маҳкум намудани ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза даст ба тазоҳурот заданд.

Дар инбора расонаи хабарии “Форс” гузориш дода, афзудааст, ки мардуми Миср низ дирӯз бо барпо намудани роҳпаймоӣ дар майдони “Талаат ҳарб”, воқеъ дар маркази Қоҳира эътирози худро алайҳи ин ҳамлаҳо режими мазкур баён намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки Исроил рӯзи чоршанбе ҳамлаҳои худ ба навори Ғаззаро дубора оғоз намуда, дар пайи як ҳамлаи ҳавоии он ба ин минтақа 9 нафар кушта ва 88 тани дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

More From Author

You May Also Like