Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон 25 июл дар тамоси телефонӣ бо Э. Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки артиши афғон ҳамчун қувваи кӯмаккунанда ба марзи Тоҷикистон сафарбар шудаанд.
Бар асоси гузориши Дафтари матбуотии Э. Раҳмон, Карзай гуфтааст, ки то замоне ки вазъ ба ҳолати оддӣ боз нагардад, нерӯҳои низомӣ дар вилояти Бадахшон боқӣ хоҳанд монд.
Карзай ва Раҳмон тавофуқ кардаанд, ки идороти амниятии ду кишвар то поёни амалиёти артиш ва оромии вазъ дар тамоси доимӣ боқӣ бимонанд. Лозим ба ёдоварист, ки тайи чанд рӯзи ахир, пас аз кушта шудани генерал Абдулло Назаров дар Хоруғ вазъ дар ин минтақа хуб нест.
Ҳамзамон пайи ҳамлаи нерӯҳои давлатӣ ба ин минтақа садҳо нафар ҷони худро аз даст дода ва шуморе ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Бино ба иттилоъи расонаҳои дохилӣ, айни замон ин минтақаро оташбас фаро гирифта ва мардум дар оромӣ ба сар мебаранд.