Categories Uncategorized

Иттиҳоди уламои Ислом: Поп бояд аз мусалмонон бахшиш пурсад

nahzat.tj

Иттиҳоди ҷаҳонии уламои ислом, ки онро олими ва рӯҳонии шинохта Юсуф Қарзовӣ роҳбарӣ мекунад, зимни судури баёнияе аз Поп Бенедикти XVI, роҳбари католикони ҷаҳон, хостааст, барои ҷиноятҳое, ки салибиҳо дар Андалус муртакиб шуда буданд, аз мусалмонон маъзаратхоҳӣ намояд, чи тавре, ки аз яҳудиҳо маъзаратхоҳӣ карда буд.

Дар баёния омадааст: “Замоне ки Иттиҳоди ҷаҳонии  уламои Ислом барои фурӯ нишондани хашму ғазаби мардуми мусулмон нисбат ба тавҳин ёфтани Расули Худо (с) дар манотиқи мухталифи ҷаҳон кӯшиш намуда, эшонро ба тазоҳуроти мусоламатомез ва адами бархӯрд бо сафоратхонаҳою ибодатгоҳҳои масиҳиён ташвиқ мекунад, аз Поп Бенедикти XVI мехоҳад, дар бораи матолиби эродшуда дар суханронии хеш барои ҷиноятҳои салибиён дар Андалус аз мусулмонон талаби бахшиш бикунад, чи тавре ки аз яҳудиён карда буд.”

Иттиҳод то узрхоҳии Поп вориди гуфтугӯ нахоҳад шуд

“Ба ҳамагон рушан аст, ки ин иттиҳод ба гуфтугӯйи созанда ба унвони беҳтарин равиш барои ҳалли мушкилот ва эҷоди равобити баробар фаро мехонад. Аз ин рӯ, иттиҳод талош дорад, то бо Ватикан вориди гуфтушунид шавад, аммо чунин эҳсос шуд, ки ин гуфтугӯ якҷониба аст. Попи феълӣ зимни суханронии машҳури худ иттиҳомоти бардурӯғеро ба Ислому Паёмбари бузургвори мусулмонон нисбат додааст ва замоне ки иттиҳод аз ӯ хост, барои матолиби ироашуда узрхоҳӣ кунад, напазируфт. Аз ин хотир, иттиҳод гуфтугӯ бо Ватиканро то замони узурхоҳӣ ё тағйири мавқеъгирӣ қатъ кардааст.”- омадааст дар баёнияи Иттиҳоди ҷаҳонии уламои Ислом.

“Бояд мусалмонон ва уламои ислом масъулияти хешро анҷом диҳанд”

Инчунин, дар баёния омадааст: “Ҳайратовар ин аст, ки Поп аз исломи сиёсӣ ҳушдор медиҳад ва айни замон масеҳияти сиёсиро дар шакли васеъ таблиғ мекунад…”

Ин иттиҳод аз миллату кишварҳои исломӣ хостааст, ки ба хотири ҳимоят аз Ислому ақаллиятҳои мусулмонон аз тариқи фишорҳои сиёсию иқтисодӣ ба вазифаи худ баҳри уммату динашон хидмат кунанд.

Ҳамчунин, иттиҳод аз уламои ҷаҳони Ислом талаб дорад, то баҳри расонидани ҳақиқат ба мардум масъулияти хешро адо намоянд.

More From Author

You May Also Like