Categories Ахбори рӯз

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар кишвар ба 25 фоиз расид

Ҷ. Ҳокӣ

Дар даҳҳаи аввали маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нақшаи даъват ба андозаи 25 фоиз иҷро шудааст.

Дар ин бора хадамоти Вазорати мудофиаи кишвар гуфтааст, дар вилояти Хатлон нақшаи даъват ба андозаи 32 фоиз, вилояти ВМКБ 18 фоиз, вилояти Суғд 22 фоиз, ноҳияҳои тобеъи марказ 26 ва шаҳри Душанбе 15 фоиз ба иҷро расидааст. Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз ёфта, то 31 майи соли равон идома меёбад. Тибқи қонун ба хизмат шаҳрвандони сину соли аз 18 то 27 – сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар тақрибан 15 –16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд.

More From Author

You May Also Like